Конститутсия-бахтномаи миллат

заф

ЗАФАРОБОД. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод  чорабиниҳои тарғиботӣ ва  як қатор мулоқоту сӯҳбатҳо гузаронида шуд. Дар камендатураи сарҳадии ноҳия бо иштироки афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ чамъомад баргузор гардид. Дар мулоқот Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Туйгун Шарифов  таъкид намуд, мо дар арафаи ҷашне қарор дорем, ки истиқболи сазовори он қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Таҷлили Рузи Констититсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни муҳими сиёсӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади муҳими ҷомеасоз ва кафолатдиҳандаи волоияти қонун дар кишвар муаррифӣ гардида, воқеан бахтномаи миллат маҳсуб меёбад. Конститутсияи навини Тоҷикистонро, ки принсипҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ ҷавҳари меҳварии онро ташкил медиҳад, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф кардааст. Ҳамин аст, ки сокинони мамлакат бо ифтихори ватандори Рӯзи Конститутсияро ботантана таҷлил менамоянд. Роҳбарияти камендатураи сарҳадӣ ба сухан баромада, бобати ташкилӣ чорабинӣ миннатдорӣ баён намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>