Аёдат

бғ айдат

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар партави сиёсати иҷтимоии ҳукумати кишвар табақаи ниёзманди ҷомеа таҳти таваҷҷӯҳ ва ғамхории доимии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дода шуда, дар ин раванд  ҳар иду айём ба шахсони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва камбизоатон кӯмаки яквақтаина расонида мешавад. Ин иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Камолов Олимҷон дастгирӣ намуда, дар якҷоягӣ бо раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амир шахсони ниёзманд, иштирокчиёни барқароркунии сохти Конститутсионӣ ва оилаҳои онҳо мавриди аёдат қарор дода шуда, ба онҳо маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ ва тармеваҳо дастрас карда шуд. Аёдатшудагон аз чунин иқдоми нек хушнуд гардида,  арзу сипоси худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷӯҳи ҳамаҷониба ба табақаи ниёзманди ҷомеа изҳор намуданд. Аёдати шахсони ниёзманд, оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҳизбу меҳнат, иштирокчиёни ҶБВ ва барқароркунии сохти Конститутсионӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>