Идомаи вохӯриҳо бо муҳассилини муассисаҳои таълимӣ

1541163473_5bdc49d12494d

КОНИБОДОМ. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом вохӯриву мулоқотҳои судманд бомаром ҷараён дорад. Мудири шӯъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Конибодом Шарипов А. дар ҳамкорӣ бо Шӯрои собиқадорони шаҳр ва кумитаи ҷавонони шаҳр бо мухассилини муассисаҳои таълимӣ сӯҳбат орост. Намояндагон оиди масъалаҳои муҳими рӯз: шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,терроризму экстримизм ва одобу рафтори ҷавонон ҳарф заданд.  Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом  Шаҳноза Бобоева аз қурбони терроризм гаштани ҷавонон дар ин ё он минтақа ҳарф зад. Пеш аз ҳама ҳар як ҷавон ҳушёр буда, сабабу омили шахсони ифротгар ва гуруҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».- зикр кард ӯ. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,  ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад – таъкид дошт раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Раҳимов С.    Намояндаи  ТҶҶ “Созандагони Ватан” и КИШ ҲХДТ Шарипов А нақши манфии шабакаҳои ҷаҳонии интернетиро дар шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав қайд намуда, донистани техникаву технологияи муосир ва истифодаи босамари онро яке аз роҳҳои ҳалли масъала шуморид. Дар фарҷом иштирокдорони мулоқот андешаҳояшонро бобати мавзуъ иброз доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>