Конференсия: «Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсози миллат»

IMG_20181105_144855

БӮСТОН. Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон дар ҳамкории роҳбарияти Донишкада ва Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон санаи 5 ноябри соли равон конференсияи назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсози миллат»  баргузор гардид. Дар конференсия аъзоёни Шӯрои олимони донишкадапи мазкур, устодон ва донишҷӯёни донишкада ва аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ иштирок доштанд. Аъзои кумиҷрояи шаҳрӣ, ректори ДКМТ- Фазилзода М. дар баромади худ оиди фаъолияти сиёсиву давлатдории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Ракҳмон сухан ронда, қайд намуда мактаби бузурги сулҳоварии тоҷикон мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Мухторова Г.У. дар баромади худ қайд намуд, ки воқеан Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Дар конференсия ҳамчунин устодони Донишкада оиди таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ободониву рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар маърӯза намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Раёсат ба 11 нафар устодону донишҷӯёни Донишкада шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>