Озмун: Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров

IMG_3390

ГУЛИСТОН.  Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1,  Ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ» бахшида ба 110- солагии академик Бобоҷон Ғафуров озмуни шаҳрии «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» баргузор гардид. Мақсад ва ҳадафҳои баргузории чорабинии мазкур амиқ омӯхтани таърихи давлат ва халқи Тоҷикистон, тарғибу ташфиқи мероси илмию таърихии академик Бобоҷон Ғафуров, пурзӯр намудани тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ, афзунгардонии муҳаббати насли наврас ва ҷавонон ба Ватану ватандорӣ   буд. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Г.М ҳамчун  ҳайати тадорукот, дар давраи шаҳрии озмуни  «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» иштирок доштанд. Раҳимова М.А. ба озмун ҳусни ифтитоҳ бахшид. Озмун тибқи Низомномаи тасдиқгардидаи  шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон , аз рӯи 10 банди мавзӯъҳои пешниҳодшуда, бо иштирок 10 нафари хонанда аз ҳар як муассиса шаффоф гузаронида шуд. Дар озмун ҷавондухтарону ҷавонписарон аз шаш муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ташкилотҳои ибтидоии шаҳру шаҳракҳои Сирдарё,  Адрасмон, Зарнисор ширкат варзиданд. Ҷавондухтарону ҷавонписарон ҳар яке дар озмун маҳорат ва истеъдоди худро нишон дода, дар бораи таърихи шаҳри худ, ҳаёт ва фаъолият, лаҳзаҳои муҳими ҳаёт, дар бораи модари Бобоҷон Ғафуров, китоби «Тоҷикон»,суханони шахсиятҳои бузург дар васфи Бобоҷон Ғафуров, ёддоштҳо, дӯстон, шогирдони академик Бобоҷон Ғафупров, арҷгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба академик Бобоҷон Ғафуров, дар бораи осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров маълумотҳо доданд. Маҳорати қироати шеър, суруд, рақс, саҳнача, тақдими мавод ба осорхона низ яке аз шартҳои банди озмун буд, ки бо маҳорати баланд иҷро гардид. Дар итмом, озмун аз тарафи ҳайати тадорукот ҷамъбаст гардида, ҷойи намоён соҳиби ҷавонписарону ҷавондухтарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10, шаҳраки Зарнисор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>