Ҷаласаи ташкилоти ибтидоӣ

20181101_091208

АШТ. Рӯзи гузашта  ҷаласаи ташкилоти ибтидоии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт баргузор гардид, ки дар кори он раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мадаминова М ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Маҷидов Б. иштирок намуданд. Маҷлиси ташкилоти ибтидоиро раиси Шурои собиқадорони ҳизб Мадаминова М. ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки  моён дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.  Конститутсия шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад ва дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша Қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо  мегардад.   Сипас зикр намуд, ки бинобар ба вазифаи дигар гузаштани раиси ташкилоти ибтидоии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Муяссарзода М. моро зарур аст, ки раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб намоем ва номзадии Усмонов М. – сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзоёни ҳизб ҷонибдорӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>