Конститутсия — кафили сарҷамъии миллат

бғ 1111

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бахшида ба муносибати Рузи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» чорабинии идона бо иштироки Раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Анварзода Амир ва Директори генералии фурудгоҳ, Раиси КИИ ҲХДТ дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбони Алимардон баргузор гардид. Чорабиниро Директори генералии фурудгоҳ Қурбони Алимардон оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ намуд ва дар бораи мазмуну моҳияти Конститутсия баромади пурмӯҳтаво кард.  Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода А., иштирокчиёни чорабиниро бо ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуда, зимни баромад қайд намуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш таъкид намуданд, ки : «Пешрафту муваффақияти кори ҳизб бевосита  ба фаъолият ва масъулиятшиносии ташкилотҳои ҳизбӣ дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад». Дар асоси суханони Сарвари кишвар ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки кори босамари ташкилотҳои ибтидоӣ, на танҳо баҳри пешбурди кори ҳизб, балки баҳри пешравиву гул — гулшукуфии Ватани азиз низ вобастагӣ дорад. Яке аз беҳтарин кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки кори худро  дар асоси Барнома ва Оинномаи ҳизб ба роҳ мондааст, ин кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ба ҳисоб меравад. Ин ташкилот соли 2001 ташкил ёфта, 18 нафар аъзо дошт. Ин шумора то ба имрӯз 645 расидааст, ки яке аз муваффақиятҳои калон мебошад.»  Конститутсия чун сарчашмаи қонунгузории миллӣ паҳлӯҳои асосии ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки онро риоя ва иҷро намоянд. Ҷашн гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ, ки дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик бо ҳарфи заррин сабт гардидааст, собит намуд, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мақоми Конститутсияро  дарк намуда, ба сӯйи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва форматсияи демокративу  ҳуқуқбунёд равона мебошад. Сипас, ба саҳми ҳозирин чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Конститутсия — кафили сарҷамъии миллат» аз тарафи хонандагони Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон пешкаш гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд аъзоёни фаъоли ҳизб «Сипоснома» ва «Ифтихорнома» — и кумиҷроияи ноҳиявӣ ва ба аъзоёни навинтихобшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ  супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>