Мулоқот бо намояндагони бозорҳои шаҳр

IMG_2641

ХУҶАНД. Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи эълон гардидани  1300 рӯзи ободониву созандагӣ имрӯзҳо дар вилоят  корҳои хубу шоиста анҷом дода мешавад. Мусаллам аст, ки маданияту фарҳанги шаҳрдорӣ аз чигунагии вазъи бозор ва нуқтаҳои савдо вобастагии калон дорад. Зеро ҳар меҳмони меомада аввал аз бозор дидан мекунад. Шаҳри Хуҷанд дар гузашта ва имрӯз ҳам бо бозорҳои худ машҳур аст. Махсусан бозори «Панҷшанбе» бо тарҳу сохти худ дар Осиёи Миёна назир надорад. Аз ин бозори машҳур рӯзе даҳҳо сайёҳон дидан намуда, маҳсули дастранҷи марди деҳқонро харидорӣ менамояд. Солҳои охир бо дастгирии  Раиси вилоят, шаҳрдори Хуҷанд бозорҳои шаҳр ба худ намуди дигар касб намуданд. Танҳо дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе» чанд бозори нав арзи хастӣ намуд, ки барои рақобати сифат ва арзиши мол  мусоидат меканад. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, ҳанӯз дар ҷодаи ободониву созандагӣ, баланд бардоштани маърифатнокии савдогарон дар бозорҳои ҳудди шаҳр мушкиливу муаммоҳо зиёданд.  Баҳри рафъи камбудиву мушкилиҳо рӯзи гузашта дар кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварону масъулони бозорҳои шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар  доир гардид. Номбурда аз шароити имкониятҳое, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати рушди соҳибкории хурду миёна ҳарф зада, афзуд, ки бояд савдогарон дар баробари манфиатҳои хеш барои баланд бардоштани маънавиёт ва фарҳанги ҷомеа саҳмгузор бошанд. Даст ба  ободиву созандагӣ задан, саҳм гузоштан дар тозагии муҳити атроф, фаҳмонидани оқибатҳои ногувори шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои характери иртиҷоидошта вазифаи ҷонии ҳар нафар бояд бошад. Дар ин ҷода ҳамкорӣ ва ба узвият пайвастани кормандони бозор ба  сафи  ҲХДТ бар манфиати кор аст. Чанде аз иштирокдорон  барои фароҳам овардани чунин мулоқоти озоду шаффоф минатдории хешро ба роҳбарияти кумиҷроияи шаҳрӣ расонида, таклифу пешниҳоди худро ироа доштанд. Ҳамзамон, Раиси кумиҷроия ба масъулини ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди бозорҳои шаҳр супориш дод, ки ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҷалби бештари соҳибкорон ба сафи узвияти ҲХДТ бо ҷалби гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ корбарро ҷоннок намоянд.   Бо ҳамин мулоқот анҷом пазируфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>