Мулоқот бо ҷавонон

20181106_154740

АШТ. Дируз мутобиқи нақшаи кории шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар маҳаллаи Қодир Расулзодаи ҷамоати шаҳраки Шайдон корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи сӯҳбат бо ҷавонон бобати бедор намудани ҳисси ватандӯстии онҳо доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири шӯбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. бо ҷавонон оид ба даъвати тирамоҳӣ сухан карда қайд кард, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихориву сарбаландист.  Ҳар ҷавон бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аваалиндараҷа донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонаисарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>