Дӯстдорони назми Фарзона

Screenshot_2018-11-05-13-17-08

КОНИБОДОМ. Дар Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Конибодом даври шаҳрии озмуни вилоятии «Фарзонахонӣ» дилбохтагону дӯстдорони ашъори Фарзонаро ба ҳам овард. Озмунро намояндаи Раёсати маорифи шаҳр Каримов Деҳконбой ва директори Муассисаи таҳсилоти иловагӣ Иброҳимова Дилоромхон баҳогузорӣ намуданд. Озмун аз рӯи шартҳои пешниҳодшуда сурат гирифта, хонандагони муассисаҳои таълимӣ баробари қироати ифоданоки шеър , оиди ҳаёту эҷодиёти ин бонуи назм маълумотҳо пешкаш намуданд. Пурсиши калимаҳои душворфаҳм ва маъникушоии ғазалу байтҳо бори дигар дониши зеҳнии хонандагонро маълум намуд. Дар озмуни «Фарзонахонӣ» хонандагони  муассисаҳои таълимии № 1, 2, 3 ,4 ,5 ,6 ,7 ,8 ,19, 23, 24, 25, 45 ва 49 фаъолона ширкат варзиданд. Беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>