Мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ бо номи «Сарбози Оянда»

1111111111

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамҷоягӣ бо шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №32 — и шаҳраки Ғафуров мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ таҳти унвони «Сарбози оянда» байни хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур аз рӯи 5 шарт яъне, турниккашӣ, тирпарронӣ, бандкашӣ, давидан ба масофаи 100 метр, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомат сурат гирифт. Дар мусобиқа 15 даста, 150 нафар иштирокчиён аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ширкат варзида, маҳорати ҳарбӣ ва варзишии худро нишон доданд. Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амир иштирок намуда, ҳозиринро бо санаи муҳими таърихӣ Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Сипас, аз тарафи меҳмонон ба ғолибони мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ «Сарбози оянда» тӯҳфаҳои хотиравӣ, медалу дипломҳо ва бо Ҷомӣ ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд. Дастаи муассисаи ғайридавлатии «Мактаби Амид»-и ҷамоати деҳоти Ғозиён маҳорати баланди худро дар ҳамаи шартҳо нишон дода, сазовори Ҷомӣ ҲХДТ, тӯҳфа, диплом ва медал гардиданд. Инчунин ҷойи дуюм сазовори дастаи ҷамоати деҳоти Д. Холматов ва ҷойи сеюм сазовори дастаи ҷамоати деҳоти Ёва гардид. Мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ «Сарбози оянда» бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои оммавӣ – мудофиавӣ, таблиғотӣ, корҳои ҳарбӣ- ватанпарастӣ байни ҷавонону наврасон ва дар руҳияи дифои Ватан тарбия намудани ҷавонон мебошад.

11111111111111111111111

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>