Мусобиқаи варзишӣ

IMG_20181106_095112

БӮСТОН. Бахшида ба 24- умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Бӯстон  бо ибтикори бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии «Маорифпарвар»-и кумиҷроияи шаҳрӣ мусобиқаи  варзишӣ дар намуди  волейбол барои гирифтани Ҷоми ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр  баргузор гардид. Дар мусобиқа  панҷ даста  қувваозмоӣ намуда, дастаи «Истиқлол» ҷои якумро, дастаи «Наврӯз» ҷои дуюмро ва дастаи «Дӯстӣ» ҷои саввумро ишғол намуданд. Дастаи «Истиқлол» бо Ҷом, медалҳо ва Сипосномаҳо ва дастаҳои «Наврӯз» ва «Дӯстӣ» бо медалҳо ва Сипосномаҳои  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷоми мусобиқа Раиси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумиҷроияи шаҳрӣ Гадоев Б. ва раиси ташкилоти ибтидоии «Маорифпарвар»-Акрамзода Рашид сухан карда, қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  корҳои  ободониву созандагии кишвар, таъмини сулҳу субот,  ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои миллӣ нақши босазо дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>