Варзиш гарави саломатӣ

???????????????????????????????

ҶАББОР РАСУЛОВ. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда истодаанд. Зеро варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсоният аҳамияти хоса дошт ва он яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти солими ҷомеа аст. Дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба варзиши сабук «Шафақ-2018» дар байни хонандагони соли таваллудашон 2001-2002 бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «26-солагии Иҷлосияи тақдирсоз» ва «Таъсисёбии Ташкилоти Ҷамъияти Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кушодашавии он намоянда аз Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии Мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳ полковники эҳтиётӣ Ҷамолов Муродҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Набиев Ш, мутахассиси КИН ҲХДТ Худоёров Раҳматулло, раиси ТИ ҲХДТ «ТҶММ Мададгор» Муминов Муродҷон, раиси ТИ «ТҶММ»-и ба номи А. Самадов Абдуманнонов Нӯмон, омӯзгорон  ва хонандагон иштирок намуданд. Дар ин мусобиқа 6 даста аз рӯи се шарт: давидан ба масофаи 100 метр, ҷаҳидан ба дарозӣ ва давидан ба масофаи 400 метр қувваозмоӣ намуданд, ки дар ҷамъбасти он аз тарафи доварони мусобиқа дастаи МТМУ №17 ва Гимназияи №1 сазовори ҷои аввал, дастаи МТМУ №7 сазовори ҷои дуюм ва дастаи МТМУ №3 сазовори ҷои сеюм дониста шуд. Ба ғолибони мусобиқа сипоснома, медал, туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи ТИ ТҶММ ба номи А. Самадов ва КН ТҶММ-и ноҳияи Ҷаббор Расулов сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>