Ҷамъомади тантанавӣ дар қисми низомӣ

1541568650_5be2788a28953

КОНИБОДОМ. Ба муносибати 24-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 04080 воқеъ дар шаҳри Конибодом ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ ширкат варзида, паёми табрикотии раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳириро қироат карда, кулли сарбозону афсарони қисми низомиро шодбош гуфта, баҳрашон хонаободиву саодати рӯзгор таманно кард. Гуфта шуд, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, инкишофи ҷомеа ва бунёди давлатдорӣ заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин санади конститутсионӣ дар таърихи миллати тоҷикон ба шумор рафта, аз ҷониби халқ бевосита тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва он дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеа аз он сарчашма мегирад. Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби сарбозон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид. Сипас, барои сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дастурхони идона ороста шуд. Бояд зикр кард, ки дар оростани ин дастурхони идона барои сарбозону афсарон саҳми идораи давлатии Бақайдгирии молумулки ғайриманқул назаррас аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>