Конститутсия-шиносномаи миллат

Деваштич Конститутсия

ДЕВАШТИЧ. Бахшида ба таҷлили Рӯзи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич мулоқот баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам, намояндаи МИҲД-и вилоят Равшан Раҳмонзода, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур бо суханронии Раиси ноҳия Р.Ҷӯразода ифтитоҳ гардида, кулли мардуми ноҳияро табрику муборакбод намуд. Инчунин намояндаи МИҲД-и вилоят Равшан Раҳмонзода Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саъми ҳамагон расонид. Инчунин як қатор кормандони соҳаҳои гуногун ва собиқадорони меҳнат бо Сипоснома, Ифтихорнома ва тӯхфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд. Барои хотирмон таҷлил намудани Рӯзи Конститутсия барномаи рангин аз ҷониби кормандони Бахши фарҳанги ноҳия таҳия гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>