Бахтномаи миллат

DSC_0621

ҶАББОР РАСУЛОВ. Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани Қонуни асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунад. Мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Қасри фарҳанги «Гулистон» Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Салимзода Комил, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Туйчизода Темур, раисони Ҷамоатхои шаҳраку деҳот, кормандони КИН ҲХДТ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҲХДТ, аъзоёни ҳизб, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Дар суханронии худ Раиси ноҳия Салимзода Комил ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Туйчизода Темур мардуми ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрику муборакбод намуданд. Дар охир аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд. Қайд намудан лозим аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ намуда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд дода, қайд карда буданд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз чумла рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>