Конститутсия – бахтномаи миллат

image-0-02-06-48ac7affe2bfa76291401413074c435ef370176d733c14f03ad0f95dfbd2cf09-V

ПАНҶАКЕНТ. Дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода бо омӯзгорони МТМУ №71 –и шаҳр мулоқот баргузор намуд. Мулоқотро директории МТМУ №71 Аҳророва Мақсуда оғоз намуда суханро ба раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дод. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар суханрониаш қайд намуд, ки 6 – уми ноябри соли 1994 бори аввал ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он ба ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳайёти мардум  арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад. Тағйиротҳое, ки бо назардошти тараққиёти ҷомеа солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия ворид гардиданд, ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда барои расидан ба марҳалаи навбатии инкишофи ҷомеа, демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуданд. Дар идомаи мулоқот Мурод Шукурзода оид ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, пешгирии бемориҳои сироятӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таҳкими сулҳу ваҳдат, дастовардҳои даврони Истиқлолият, омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолият ва кушода шудани агрегати якуми НОБ «РОҒУН» ки орзуи деринтизори мардуми тоҷик буд суҳбат намуда, иброз дошт, ки маҳз бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешваи миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба чунин рӯзҳои нек расидем. Дар охир ба рӯзи ид самимона табрик карда шуда дар вазъияти тантанавӣ ба 14 нафар омӯзгорон Шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>