Терроризм ва ҷомеаи ҷаҳони имруза

террор

АНДЕША. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.  Сарфи назар аз тадбирҳоисолҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.  Мусаллам аст, ки мубориза бо тамоми ин хатарҳо бояд яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои муназзами кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гардад. Вале агар натиҷаҳои амалии фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро дар самти мубориза бо терроризм, аз ҷумла баъди тақвияти он бар асари ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Амрико, арзёбӣ намоем, онҳоро, ба андешаи мо,муассир гуфтан нашояд. Дастовардҳои маҳдуд ва ҷузъӣ дар мубориза бо терроризми фаромиллӣ, ки дар марзи асрҳо хислати оммавӣ пайдо кардааст, натиҷаи он аст, ки ин мубориза то ҳол фақат аз ҷониби давлатҳои алоҳида, амалӣ мегардад. Мутаассифона, барои ҷомеаи ҷаҳон ин қазия то ҳол ба масъалаи ҳаётӣ табдил наёфтааст. Аз ин рӯ қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби  мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард.   Зарур аст, ки мо ба ҳар гуна зуҳуроти оштинопазирӣ нисбат ба дине ё мазҳабе монеъ шавем ва барои эҷоди ҳусни тафоҳум ва ҳамкории густурда дар асоси арзишҳои умумии кишварҳои гуногунмазҳаб талош намоем.  Ҳамзамон ҷаҳон бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад. Аз ин рӯ, комилан зарур аст, то ҳукуматҳои кишварҳои олами ислом ва ходимони бонуфузи динӣ ба он ноил шаванд, ки садои маҳкумсозандаашон бар зидди терроризм дар дохили мамлакаташон ва ҳам берун аз марзҳои он ба таври возеҳ шунида шуда, воқеан дастраси умум гардад. Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд, ҳол он, ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Чунки  танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.      Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки  ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизммуайян карда шавад. Зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.    Тибқи  илми этимология  ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ  гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё   шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан  амалӣ карда мешавад.  Терроризм аз рӯи хусусияташ  гуногунҷабҳа  буда дар давраи ҳозира  дорои  чунин  шаклу намуд мебошад: таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо;  Ин намуди ба амал баровардани акти   террорист  бевосита аз ҳама даҳшатнок мебошад, куштор ва қасдан расонидани   зарар ба саломатии шахсони алоҳида;  рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан;   Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ аз ҳама  шакли маъмул аст ва қариб, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё истифода бурда мешавад.  таҳдиди куштан ва нобуд кардан, нисбати ходимони давлатӣ ва сиёсӣ;         Ин намуди акти террористӣ ба он равона карда мешавад, ки ташкилотҳои  террористӣ ё террористони   алоҳида  ба    воситаи таҳдиди куштан ванесту нобуд кардан аз мансбдорон ва ё ҳукумат талаб мекунанд, ки ин ё он шахсро азмансабаш  дур кунанд ва қабули ин ё он қонунро ба таъхир гузоранд.

Ҳоҷиев Комрон

Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент

Устоди калони кафедраи “фанҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқ”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>