Фирефтаи нохалафон набояд шуд!

Zachem-nuzhno-pismo-ot-ruki-e1492113565637

АНДЕША. Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Онҳо бо офаридаҳои худ таваҷҷӯҳи хосу омро ҷалб намуда, аҳли оламро узви ба якдигар алоқаманд мешуморанд. Вале баъзе нохалафони аз илму фарҳангу хираду фаросати нафосати инсонӣ бехабар ин миллати тамаддунофари бостониро бадном карданӣ шуда, ба ифродгароиву зиштиву фасоду фуҷур мераванд ва ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Чунин ашхос набояд фаромӯш кунанд, ки ба Ватану миллат хиёнат кардан хиёнат ба падару модар ва фарзанду бародару хоҳар аст. Афсӯс аз кӯтоҳандешии ин гуна афрод ба қадри гузаштагони бофаросату нектинат ва тамаддунофару нексиришти хеш намерасанд.  Дар вазъияти кунунӣ масъалаи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот заминахои пайдоиш, таҳаввулот ва сабабҳои фаъолгардонии онҳо пайваста, пурра ва хамаҷониба омӯхта шаванд. Дар замони мо ҳаракатҳои террористон дар минтақаҳои гуногуни олам авҷ гирифтааст. Мо аз воситаҳои ахбори умум мунтазамдар бораи ба доми фиреби террористон гирифтор шудани ҷавоне ё гурӯҳи ҷавонон огоҳӣ дармеёбем ва таассуф  мехурем.

Раҷабов Мақсатилло –ҷонишими директор оид

ба корҳои тарбияи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>