Ид муборак милитсияи тоҷик

DSC_0018

ПАНҶАКЕНТ. Дар арафаи таҷлили Рузи милитсия дар Қасри бошукӯҳи фарҳанги ба номи Лоиқ Шералии маркази шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони милитсияи шаҳр, собиқадорони соҳа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони касбу кори гуногун маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.  Маҷлиси идонаро сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент полковники милитсия Ҷаъфарзода Мансур оғоз бахшида оид ба роҳи тайнамунаи пуршарафи милитсияи тоҷик сухан ронд. Сипас ҳомиёни тартиботи ҷамъиятиро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода табрик намуда, дар суханронии худ оид ба хизматҳои арзандаи милитсияи тоҷик дар ҷомеаи имрӯза, саҳми онҳо дар нигоҳдорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сухан ронд.  Дар идомаи маҷлис дар вазъияти тантанавӣ  як қатор кормандони фаъоли милитсияи шаҳр бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд. Бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр як чанд нафар кормандони милитсия барои фаъолияти назаррас ва босамар бо рутбаҳои навбатӣ сарфароз ва бо Сипосномаю тӯҳфаҳои мақомот қадршиносӣ карда шуданд. Як нафар корманди милитсия пас аз фаъолияти пурсамар дар соҳаи мақомоти милитсия дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуд. Дар охири чорабинии идона ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент дар назди кормандони милитсия бо барномаи рангини фарҳангӣ баромад намуда, хотири аҳли толорро болида гардониданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>