Расонидани ёрии методӣ

IMG_2922

ГУЛИСТОН. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ ва расонидани ёрии методӣ ба Ташкилоти ибтидоии «Шаҳраки Зарнисор» шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   Раҳимова М.А. санҷишро тибқи дастурамалӣ коргузорӣ ба роҳ монд. Ҳуҷҷатҳо омӯхта шуда, дар рафти санҷиш бо Яҳёев Ғозибой, шахси вобаста ба ҳуҷҷатгузории ташкилот ҳамсуҳбат гашт ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ёрии методӣ расонид. Ҳуҷҷатгузории Ташкилоти ибтидоии «Шаҳраки Зарнисор» дуруст ба роҳ монда шуда, қисме,  дар асоси санадҳои меъёрию-ҳуқуқӣ  барои ба роҳ мондан эҳтиёҷ дорад. Ташкилот аз рӯи нақшаи корӣ фаъолият мебарад. Маҷлисҳои ҳисоботӣ сари вақт гузаронида шуда, протоколҳои маҷлис мавҷуданд. Ташкил ва баргузор намудани соатҳои сиёсӣ, вохӯриҳо, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ низ ба назар мерасанд. Коргузорӣ оид ба дархостҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» амалӣ гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>