Баҳри пешгирии амалҳои номатлуб

Деваштич

ДЕВАШТИЧ. Дар хонаи маданияти ноҳияи Деваштич ҳунармандони театри мардумии ноҳия аз рӯйи асари С.Ғаниев «Қасос ва ҷазо» саҳнаи навро манзури тамошобинон намуданд. Нависанда асари мазкурро барои пешгирии амалҳои номатлуб равона сохтааст. Маҳз дар асар терорризм, экстремизм, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ ғояву мазмуни «Қасос ва ҷазо»-ро ташкил мекунад. Ҳунарпешагони театри халқии ноҳияи Деваштич аз ҷумла, А.Қаюмов, А.Маҳмудов, Ш.Файзуллоева, М.Нурматов, Г.Абдуллоева нақшофарӣ намуданд. Мақсад аз гузоштани чунин саҳнаҳо пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили терорризму экстремизм ва ифротгароӣ мебошад. Инчунин ҳидоят намудани онҳо ба амалҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзу ҳимояи Ватан буда, маҳз аксарияти тамошобинонро гуруҳи ҷавонон ташкил менамуданд. Дар тамошои намоиши мазкур намояндагони ташкилоту корхонаҳо, мутахассисони соҳа иштирок намуда, доири асар фикру мулоҳиза ва таклифҳои худро баён карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>