Аёдату барқароркунии сохти конститутсионӣ

DSC_0683

АШТ. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Ш., Талабов Ҳ. ва Мирсалимов А.  иштирокчиёни ба амал оварда шуд, ки дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳимӣ Ф. ширкат варзиданд.Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Зиёӣ Б. зимни ташриф оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонпарварона ва ватандӯстонаи ҳар кадом аёдатшаванда ёдовар гардида, бобати дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо амри дилу хоҳиш барои ҳимояи Ватан раҳсипор гардидани онҳо, ки барои насли ҷавони ҷомеа дарси ибрат мебошад, ҳарф зад. Мудири шуъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ Раҳимӣ Ф. зимни дидорбинӣ ин шаҳрвандонро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи авҷи нооромиҳои даҳаи асри бистум, айни бархӯрди тамаддунҳои кишварҳо Тоҷикистони маҳбубамонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд. Боиси зикр аст, ки ба аёдатшавандагон маводи хӯрока тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>