Асҳоби каҳф ва паймони Ғарибон

?????????????????

АНДЕША. Нақди Бобоҷони Қайюм ва истеҳ зои он аз назари инҷониб тамсили қиссаи асҳ оби Каҳ фро мемонад, ки баъди берун омадан аз ғори тавваҳ умот олам ба назарашон аҷибу ғариб метобад, ки намедонанд аслан дар куҷои ҷаҳон қарор гирифтаанд ва бояд чи кореро анҷом диҳ анд, ки ақаллан худро шиносанд, ки кӣҳ астанд. Ҳар касе агар матни гуфтаи ин ҷанобро бихонад ба чунин хулоса меояд. Барои он ки гуфтаи мо бе далеле набошад, бевосита аз гуфтаи эшон мисол меорем, то хонандаи бедор аз мағлатаҳ ои фикрии ноҷиёни тамомиятхоҳ огоҳ гардад ва худ қиёс кунад. Ў мегуяд: «Ба назар мерасад ҳукумати Тоҷикистон аз нигоҳи давлатдорӣ низоми имрӯзаи Чинро намуна ва улгуи худ қарор додааст. Ин ки мегӯянд демократияи ғарбӣ дар Шарқ амалишаванда нест ба ҳамин хотир аст. Муборизаи беамон алайҳи арзишҳои милливу мазҳабӣ низ далели дигари ин иддао аст». Дар ин иқтибос чӣметавон фаҳ мид ба ғайр аз суханбозӣва фазлфурушї. Яъне Чин барои демократияи ғарбӣдар Тоҷикистон монеа сохтааст, то он амалӣнашавад, ин як таваҳ ҳ уми эшонбобо аст ва ин эшонбобо дар Ғарб нишаста мисли асҳ оби Каҳф намедонад, ки демократияи ғарбӣнавъҳ ои мухталифе дорад, ки ин низоми Чин низ яке аз навъҳ ои демократияи коммунистӣё иҷтимоист, ки собиқ Иттиҳ оди Шуравӣ низ аз он пайравӣ мекард ва ин низом аз Ғарб ба Шарқ интиқол шуда буд ва беҳ уда номи кишвар низ Ҷумҳурии мардумии Чин нест. Тоҷикистон низ кишвари демократӣҳ аст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ  аз низоми имрўзаи Чин тақлид намекунад ва шояд баъзе аз унсурони онро дар низоми худ татбиқ кунад, зеро чи хеле, ки худи мунаққид ҳ ам таъйид месозад Чин кишвари пешрафта ва ҳ амсояи мост ва иқтисоди пешсафи имрўзаи он назир надорад, агар тавонем аз ин модел истифода кунем ин беҳ тарин муваффақияти мост. Аммо Тоҷикистон бо доштани мавқеи ҷуғрофї, сиёсї, иқтисодӣва фарҳ ангӣфарқиятҳ ои усулӣдорад ва дар умум модели рушди худро марҳ ила ба марҳ ила дар асоси воқеияти зудтағйирёбандаи имрўз пайгирӣмекунад ва метавонад дар ояндаи наздик ба иқтсоди худкифо расад. Дар мавриди арзишҳ ои миллӣва мазҳ абӣбошад, ҳ ар касе аз берун ба ҷомеаи тоҷик ворид шавад, ба пуррагӣметавонад мушоҳ ида кунад, ки баданаҳ ои иҷтимоии тоҷик саршор аз суннатҳ ои мазҳ абӣва миллӣмебошанд. Ҷомеаҳ ои суннатӣё шарқӣаз ҷомеаҳ ои ғарбӣё модерн бо он фарқ мекунад, ки ҷомеаҳ ои шарқӣё гоҳ о осиёгӣбештар аз суннатҳ ои миллӣва мазҳ абӣпуштибонӣмекунанд, аммо дар ҷомеаҳ ои модерн ва ғарбӣарзишҳ ои миллӣмазҳ абӣмаҳ дуд ба фард буда, меъёрҳ ои инсонӣва ҳ уқуқии он арзиши олӣдорад. Кишвари мо аз рўзи истиқлоли хеш, то ба имрўз сиёсати ислоҳ отиву навоварӣва созандагиро пеш гирифта, тараққии худро  марҳила ба марҳ ила пеш мебарад.

Комил Нурматов, таҳлилгар

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>