Ҷинояткорони наҳзатӣ сиёсӣ нестанд

SKU223644(1)

АНДЕША. Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, бо ҳ укми додгоҳ ба зиндон кашида шудаанд, доду бедодро роҳ андозӣ намуда, вобаста аз тавсияҳое, ки СММ дар бобати парвандаҳои мазкур пешниҳод намудааст, онҳ оро ба ҳ айси амри ногузир аз мақомот талаб доранд. Тайи се соли охир ҷинояткорони наҳ затии фирорӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ  мебаранд, бо тамоми тавони хеш кўшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҳукми ҷазои барои аъмоли зиддимиллӣ ва зидиинсонии содирнамуда гирифтаашон озод кунанд. Ҳамин аст, ки дар Аврупо ҳар рўз як кумитае ё созмоне таъсис медиҳ анд, ки бунёд ва решаву мояи ҳамаи онҳо наҳзатӣ  ва наҳзатмаоб аст. Бо ин роҳ мехоҳанд назди созмонҳ о ва кишварҳ ои ҷаҳ он нишон диҳ анд, ки то чи андоза мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ва норозиёни сиёсӣ зиёданд. Аммо ин амали тақаллубии онҳ о дар ҳама ҷо аз офтоб равшантар аст. Аз ин ҷост, ки талаботи масъулини ин гурўҳ дар доираи хостҳ ои наҳзатӣ  маҳ дуд гардида, ҷиҳ ати ҳ амовозӣ  пайдо кардан ба сатҳҳои дигари муҳоҷирӣ  бароварда мешаванд. Расонаҳ ои ифротии ТТЭ ҲНИ чанд наҳ затии ҷинояткор ва хоинро ҳ амчун мусичаи бегуноҳ унвон карда, онҳ оро ба сифати зиндонии сиёсӣ ном мебаранд. Дар асл, ин тоифаи ба ном зиндониёни сиёсӣ , ба сиёсат рабте надоранд, онҳ о ҷиноят содир карда, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанду халос. Масалан, чанд нафари онҳ о бо ҷурми иштирок дар кўшиши табаддулоти давлатӣ , аз ҷумла Маҳ мадалӣ  Ҳайит ва иддаи дигар дар сентябри соли 2015 бо гуноҳ и терроризму ифротгароӣ маҳ кум гардидаанд. Баъзеи дигарашон ҷиноятҳ ои хусусияти иқтисодидошта содир карда, ба маҳ бас кашида шудаанд, ки яке аз онҳ о Зайд Саидов аст. Қобили қайд аст, ки парвандаи Зайд Саидов на хислати сиёсӣ дорад, балки  маҳ з ҷиноёти иқтисодии аз тарафи номбурда содиршударо фаро мегирад. Маҳ з маҷмуи ҷиноётҳ ои дорои хусусияти тақаллубу фасод боиси зиндонӣ  гардидани номбурда шудааст. Зайд Саидов ҷиноятҳ оро дар ҳ удуди Тоҷикистон содир намудааст ва аз ин рў бозбинии парвандаи ў тибқи муқарароти амалкунанда бояд дар додгоҳ и Тоҷикистон сурат бигиранд. Аз лиҳ ози ҳуқуқи ҷинояткорро танҳ о вобаста ба он ки қонуни авф аз тарафи қонунгозорӣ  ба тавсиб расад, ва аз ҷониби мақомоти иҷроия ба амал қарор бигирад, танҳ о дар ҳ олати ба меъёрҳ ои дар он ҷой дошта, ин ё он нафари муҷрим авф карда мешавад. Нафари дигар, ки ба ҷурми тақаллубу фасод ҳангоми иҷрои вазифаҳ ои касбиаш боздошт шуда,  пушти панҷараи зиндон рафтааст ва бо қарори додгоҳ адои ҷазо менамояд, Бузургмеҳр Ёров мебошад. Аммо инро ҳам расонаҳои наҳзатӣ «фариштаи пок» талаққӣ мекунанд ва гўё ба ў низ беадолатӣ  сурат гирифта бошад. Аммо гуноҳ и ҳ амаи онҳ о бо далелҳ ои раднопазир исбот гардида, бо қарори Суд ҷазо гирифтаанд. Маъмулан, ҷинояткорро дар ҳ ар кишвари дигаре ва дар ҳ ар давру замон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ягон ҷойи ҳ айронию воҳ има надорад. Ва ТТЭ ҲНИ ҳ ам ягон хел ҳизби мухолифи сиёсӣ  нест, балки ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мебошад. Инро мақомот бо санаду далелҳо исбот кардаанд ва қарори Суди Олии кишвар дар ин маврид судур гардидааст. Танҳо бахшидани ин нафароне, ки ҷиноят содир намудаанд, дар доираи қонуни авф имконпазир аст ва аз тарафи дигар бо ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дигар ҳолат ҷинояткор бояд дар доираи қонун ва ҳукми додгоҳ адои ҷазоро анҷом диҳ ад.

Эҳсони Илҳом, коршиноси умури иҷтимоӣ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>