Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби пешсафи мафкуравию идеявии ҷомеа

0-02-05-163674eb87103ffe697ab421d12331033d07c28aab2f432c1ff573d7c3ba8508_bf3ea601

ХУҶАНД. Бо дастур ва супориши Раиси кумитаи иҷроияии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ва санҷиши танзими ҳуҷҷатҳои он дар роҳандозӣ гардид. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд ин навбат чунаин як натиҷагирӣ дар ташкилоти ибтидоии ҶСК «АРЗ-4» доир гардид. Бояд қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи босазо гузорад ва дар ин радиф кумита ва ташкилотҳои ибтидоиро моро зарур аст, ки мунтазам аз муаммоҳои аҳли Ҷомеа огоҳ бошанд. Дар мавриди ҳалли мушкилоти эшон ҳамкории судманду самаранокро дар робита бо мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд, зеро рисолати аслии ҳизб он аст, ки тариқи тарғибу ташвиқи ғояҳои маънавиасоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то мафкураи мардум бурда расонидан ва онҳоро ба корҳои созандаву бунёдкорона ҷалб намудан аст. Дар натиҷаи саъю талоши Раиси ташкилоти ибтидоии ҶСК «АРЗ-4» Умаров Юсуф Очилбоевич ва аъзоёни он ташкилоти мазкур дар асоси талаботи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  фаъолият мебаранд. Қобили тазаккур аст,  ки ТИ  дар такомул ва инкишофи раванди иқтисодӣ – иҷтимоии шаҳри Хуҷанд саҳми  босазо мегузоранд. Дар амри Пешвои миллат, яъне дастгирии ятимону бепарасторон, қишрҳои  ниёзманди ҷомеа, кумаки амалӣ ба ҷавонон, ки ояндаи кишвар маҳсуб меёбанд ва корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор мебошанд. Дар мавриди комиссияи кор бо занон фаъолияти ташкилот густурда ва доманадор арзёбӣ гардид. Намунаи ин фаъолият дар амалӣ гардонидани Қонунҳои Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълуму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарбияи кадрҳои ҷавонон дар рӯхияи хештаншиносиву ватандорӣ, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мунтазам роҳандозӣ мегардад.   Хулоса, ТИ ҶCК «АРЗ– 4 » фаъолияти худро барои ваҳдати миллӣ, сулҳу амният, суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ, созандагиву ободкорӣ ва зиндагии шоистаи мардум сафарбар менамояд, ки шоистаи таҳсин аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>