Мулоқот бо занони хонашин

бғ2222

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб, ҷудошавии оилаҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «Дӯстӣ» бо занони хонашин мулоқот баргузор гардид. Муовини озоди КИ ҲХДТ дар кумитаи иҷроияи ибтидоии минтақаи Хистеварз Ҷӯраева М., зимни баромад қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, паҳн шудани ангезаҳои терроризм ва ифротгароӣ дар тамоми олам мебошад. Боиси сарфарозист, ки дар мамлакати мо баҳри огоҳии комил ёфтан аз оқибатҳои хатарзои ифротгароиву терроризм чорабиниҳои муассир андешида мешаванд. Инчунин, дар мулоқот яке аз занҳои  фаъоли ҳизб Ҳодибоева Г., даъват ба амал овард, ки занон ҳамчун тарбиятгари ҷомеа на танҳо ба тарбияи духтарон, балки ба тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон низ масъул мебошанд. Шумо, занони азиз, дар ин самт бояд ҳамарӯза ба фарзандонатон оиди расидан ба қадру қимати соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва эҳтиром ба Модар – Ватан насиҳатгар бошед. Дар охир, якчанд занони фаъоли маҳалла фикру андешаҳои худро оиди масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>