Роғун – иншооти муҳими аср

10

ЭССЕ. Нерӯгоҳи барқӣ обии «Роғун» ояндаи миллати тоҷик, дастурхони пур аз нозу неъмат, шиносномаи миллати тоҷик ва Тоҷикистониён буда, иншооти муҳим ва бузургтарини аср дар қаламрави Осиёи Миёна ва берун аз он пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Оғози бунёди сарбанди ин иншоот 29-октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон расо якуним соат (аз соати 10 то 11:30) бар сари чанбараки булдозери гаронвазн нишаста, сангу шағалро пеш карда, ба бунёди сарбанди ин иншооти бузург ибтидо гузоштанд. Пеши роҳи маҷрои дарёи Вахш баста шуд. НБО- «Роғун» аз 6 чарха иборат буда, баландии сарбанди он 335-метрро ташкил медиҳад, ки баландтарин сади заминӣ, яъне гиливу сангӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ягона давлате мебошад, ки 98,8%-и барқи худро тавассути Нерӯгоҳи барқии обӣ мегирад, ки он «Роғун» мебошад. Ин нерӯгоҳ барои баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми босазое мегузорад. Тоҷикистон ба давлати содиркунандаи нерӯи барқ табдил меёбад. Санаи 16-уми ноябр чархаи аввали НБО «Роғун» ба ҳаракат даромада, барқ истеҳсол мешавад. Ин рӯзро мардуми тоҷик бесаброна интизоранд. Ин рӯзест, ки орзуҳои деринаи тоҷикон ҷомаи амал мепӯшад. Рӯзест, ки саҳифаи наву рангинро дар ҳаёти миллати тоҷик оғоз мекунад. Мо, ҷавонон, ифтихор аз он дорем, ки дар чунин диёри биҳиштосо, ки осмонаш софу беғубор, мардумонаш чеҳрахандон сарвараш оқилу доно аст, зиндагӣ ва таҳсил менамоем. Ман, чун созандаи ояндаи миллат қавл медиҳам, ки фақат бо баҳои аъло таҳсил намоям ва ба хизмати диёри азизам ҳаматарафа омода мегардам. Шукуфон бош, Тоҷикистони азизам!

Беҳрӯз Раҳимзода,

толибилми МТМУ №1, 

ба номи Н.Қодирови ш.Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>