Баҳри зиндагии шоистаи мардум

ges

 АНДЕША. Бо шарофати ҳушёрию зиракии сиёси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Раиси Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон Президенти кишвари азизамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳоло мо дар осмони софу мусаффо умр ба сар бурда истодаем. Давлати тоҷикон қариб буд аз байн равад.  Ҷанги бародаркуш ҳамаро харобу вайрон модарону хоҳаронро  бе шавҳар, фарзандонро ятим мардумро сарсону саргардон намуд. Дар ин дам ба майдони сиёсат марди бузургу доно Пешвои миллати тоҷикон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад ва халқи тоҷик бо ин марди хирадманду оқил ҳамаро аз нав оғоз намуданд. Боиси ифтихор аст, ки мо имрӯз бо роҳбарии оқилу доно, сиёсатмадори  ҷаҳоншинохата, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷанобӣ Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ифтитоҳи истифодабарии агрегати якуми НБО Роғун қарор дорем. Бе  чуну  чаро  имрӯз на фақат  таърихи Тоҷикистон балки  таърихи тамоми ҷаҳон бо хатҳои  заррин навишта хоҳад шуд. Дар давоми 27 соли Истиқлолият бо  фаъолияти шабонарӯзӣ ва пурсамари Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯзҳо самари онро мо чашида истодаем.  Эмомалӣ Раҳмон – Президенти мардумӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон аз нақши тақдирсози Пешвои миллат дар самти наҷоти кишвар аз бунбастҳои пурхатар ва таъмини рушди устувори мамлакат, ки маҳз донишу хирад, муҳаббати бузург нисбат ба халқу ватан ва иродаи шикастнопазири ин фарзонафарзанди миллат моро аз доми ҷанги шаҳрвандӣ ба имрӯзи ободу осуда ва пур аз барака расонид. Ҷаноби Олӣ ба хотири сулҳу салоҳ ва ҳаёти осоиштаи мардуми худ  ин роҳи мушкилу печ дар печро интихоб намуданд ва хато накарданд, пирӯз шуданд. Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки муттаҳиди воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.  Халқи шарифу қаҳрамони тоҷик бо сарварии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар чаҳоряк асри соҳибистиқлолии хеш ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Дар натиҷа, имрӯз бисёр мушкилоти халқ ҳаллу фасл гардида, мардуми заҳматқаринамон барои ҳалли вазифаҳои боз ҳам бузурги ободгарона камари ҳиммат бастааст. Чи хеле, ки Раиси муаззами мо Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд «Муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарварамон моро барои ҳарчи бештар аз худ кардани дастовардҳои ҷаҳони муосир, пешрафти илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам, яъне баробар бо ҷомеаи пешрафта қадам бардоштан ҳидоят ва водор менамояд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Раиси Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузтарин созмони байналмилалӣ – СММ  бо забони тоҷикӣ сухан гуфтанд ва ҳадафҳои давлати навбунёди моро ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ҳама дарк намуданд, ки давлат ва миллати тоҷикро ояндаи нек дар пеш аст, инро ҳамон солҳои аввал ҳатто  сарварони кишварҳои пешрафтаи олам пешгуи карда буданд.  Аз ҷумла, Президенти Россия гуфта буд: «Тоҷикон, бо вуҷуди он ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарониданд, миллати хушбахт будаанд, ки чунин сарвари оқилу тавоно насибашон гардид». Бале, мо хушбахтем ва аз ин ифтихор мекунем. Сипас Сарвари давлат се самти неку созандаро дар назди худ гузоштанд – таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ. Ва ин се самт ба ҳадафҳои  стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтанд. Боз ҳам бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат Ҳукумати мамлакат Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 ба тасвиб расонд ва мавриди амал қарор дод. Шукрона мекунем, ки имрӯз Тоҷикистон ба чунин  майдони бузурги бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Амалӣ сохтани се ҳадафи стратегии Ҳукумат ояндаи Тоҷикистонро дурахшон ва мардуми онро хушбахт мегардонад. Ин мафкураи (ё худ) идеяи миллист, ки Пешвои миллат зимни суханронию паёмҳои худ ташаккул додаанд. Ва бунёди НБО-и «Роғун» яке аз тадбирҳо дар роҳи расидан ба мафкураи миллист. Соли 2018 дар ҳақиқат барои Тоҷикистониён соли тахрихиву фаромӯшнопазир гардида истодааст. Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 «Соли рушдӣ  сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» моро ҳушдор медиҳад, ки барои амалӣ гардидани нақшаву дастурҳои гузошташуда саҳмгузор бошем. Эълон гардидани соли 2018 «Соли рушудӣ  сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» заминаи мустаҳкам барои аз нав эҳё ва барқарор намудани касбу ҳунарҳои аз байн рафта истода таҳкими бузург бахшида истодааст. Мо ҳар қадар Ватанамонро дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки аз ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ пешраванда қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем, арзишҳои илму фарҳанги умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва кӯшиш кунем, ки мисли ниёгони некноми худ ба тамаддуни башарӣ ҳиссаи арзишманди худро гузорем.

Р. Қодирӣ

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>