Ҳадафҳои стратегӣ ва аҳамияти НОБ-и Роғун

кив111

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати ифтитоҳи агрегати якуми НОБ-Роғун, ки санаи 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, бо иштироки аъзои Шӯрои занони КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Хайринисо Темирова вохӯрӣ доир гардид. Чорабиниро декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Шероз Тоҷибоев ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки бо истифода додани НОБ-и Роғун сатҳи некӯаҳволии мардуми мо боз ҳам боло мегардад. Ҳамчунин, аъзои Шӯрои занони КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Хайринисо Темирова дар мавзӯи «Ҳадафҳои стратегӣ ва аҳамияти НОБ-и Роғун» баромад намуда, иброз дошт, ки НОБ- и Роғун бузургтарин сохтмони мардуми мо дар асри XXI ба ҳисоб меравад. НОБ-и Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик маъво гирифтааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>