Аз ғаму ҳасрат то ба шодиву ободкорӣ

IMG_0711

АНДЕША. 16-ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХV1-Шӯрои Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор шуд. Иҷлосияро Акбаршо Искандаров кушод ва Ҳабибулло Табаров раисикунандаи Иҷлосия интихоб гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаи интихоби Раиси Шӯрои Олӣ мавриди баррасӣ қарор дод, ки тамоми мардуми ғамзада ҳасрати Ватандорӣ мекарданд. Ба муҳокимаи номзадӣ Эмомалӣ Раҳмон, Изатулло Ҳаёев ва Акбаршо Искандаров пешбарӣ карда шуд. Аввалин шуда Акбаршо Искандаров номзадиашонро пас гирифт. Номзадии Эмомалӣ Раҳмонро вакилон якдилона  ба ғайр аз ду -се нафар бо қаноатмандӣ дастгирӣ намуданд. Баъдан Раиси Шӯрои Олии тозаинтихоб дар назди Парчам  қасами садоқат ёд карда, онро бӯса намуданд ва ҳамоно изҳор доштанд: “Ҷанг бас! – Сулҳ мебояд!” Ва раванди сулҳ аз ҳамон лаҳза оғоз шуд. Ҳамаро ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд. Дар рӯзҳои вазнинтарин, ки силоҳбадастон ва гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ зиёд буданд, роҳбари ҷавон, сарсупурдаи миллат ба ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар карда бо мардум мулоқотҳои судманд барпо менамуданд.  Барои гурезаҳоро ба Ватан баргардонидан  дар миёни алангаи ҷанг ба Афғонистон сафари пурхатарро анҷом доданд. Ба қавлу қасами додаашон устувор монда дар як муддати кутоҳ гурезаҳоро ба Ватан баргардониданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро тарҳрезӣ намуда, тамоми фаъолияти  худ ва ҳукумати қонунии таъсисёфтаро баҳри амалӣ намудани он равона карданд. Барҳақ, Сарвари давлат он гуна, ки ба мардуми азизи хеш ваъда карда буданд ба ваъдаашон устувор монданд.  Беҳуда набуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон бо эҳтироми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ном намебаран ва бо ифтихор  ва эҳтироми    хоса дар ҳамаи гӯшаву канори диёрамон пешвоз мегиранд. Миллати қадршиноси тоҷик бо арҷгузорӣ ба хизматҳои ин фарзанди баруманди худ 16 ноябри соли 2016 ҳамин рӯзро  “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон намуданд.  Бояд хотиррасон шуд, ки ҳанӯз 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХV1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил  ва сарнавиштсоз бо ҷонибдории аксарияти вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.  Соли равон барои кулли тоҷику Тоҷикистониён боз як саҳифаи таърихӣ  дар санаи 16 ноябр бо хатҳои заррин навишта шуд: “Агрегати аввали НОБ-и Роғун бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва меҳмонони воломақом мавриди истифода қарор дода мешавад. Гиромидошти Рӯзи Президент бори дигар муттаҳидии мардумро дар атрофи Президенти кишвар ва устуворона қадам гузоштан ба амалигардонии барномаҳои ояндасозӣ фарзанди фарзонаи миллат мебошад.

 

Абдуғанӣ Қобилов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>