ТАЪЗИЯ БА ПОЙГОҲҲОИ ХАБАРИИ ТТЭ ҲНИ

writing-1209121_640

Ҳар як фарди огоҳу бедор хуб медонад, ки душманону бадхоҳон ва  хиёнаткорони миллати тоҷик дар ҳама давру замон муқобили манфиатҳои миллӣ баромада, ба хотири фоидаи шахсии худу хоҷагонашон оромию осудагии мардумро халалдор менамуданд ва монеаи пешрафти кишвар мешуданд. Барои онҳо миллату меҳан ҳеҷ арзише надорад ва ҳама вақт дар фикри душманӣ бо мардум ҳастанд. Ин бадбахтону бешарафон ба миллат ва меҳан танҳо ва танҳо наҳсию касофатӣ меоранд. Онҳо ҳамеша аз бадию бадкорӣ ва ҷангу моҷаро сухан карда, ҳеҷ гоҳ сулҳу осоиштагӣ ва рушду пешрафтро дида наметавонанд. Аз кӯчактарин ҳодисаи бад, як воқаи воҳиманоку даҳшатбори гӯшношунид сохта мебароранд, ки ҳар фарди огоҳ аз асли воқеа онро мутолиа намояд, ҳуш аз сараш мепарад. Бо вуҷуди ин ҳама бадкорию бадкирдорӣ, душманию хиёнаткорӣ ва иғвоангезии онон тавассути пойгоҳҳои хабаррасониашон, ки бо номҳои «Payom» ва «Akhbor» маълуманд, Тоҷикистони азизи мо дар тамоми самтҳо рушд менамояду мардум дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ осудаҳолона умр ба сар мебаранд. Ин хушию хушбахтии мардум ва рушду инкишофи Тоҷикистонро дида, душманону бадхоҳон ва ҳасудхӯрону нотавонбинон аз рашку ҳасуд меноланду месӯзанд. Чунки босираи бадбинонаи ҷуғз танҳо ва танҳо манзараҳои ҷангу ҷидол, вайронаю хароба ва даҳшату душманиро дида метавонад. Кормандони пойгоҳҳои террористонаю экстремистонаи иттилоърасонии «Payom» ва «Akhbor» ҳам мисли ҷуғзоне мебошанд, ки табиат онҳоро ба сурати инсон офаридааст. Дар асл, онҳо ҷуғзҳои одамсурат буда, манзараи зебову дилрабои мисли Тоҷикистонро вайронаю валангор ва ҷангзадаю пастрафта дидан мехоҳанд. Барои мардуми шарифи Тоҷикистон чи гуна дидани ватани маҳбубу  чи гуфтани ин душманону хоинон ва худбохтагону хиёнаткорон ҳеҷ аҳамияте надорад. Зеро халқи тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷикистонӣ хуб медонад, ки: «Саг аккос мезанад, корвон бо роҳи худ меравад» ва «Саге буд дар дашт, Г.. хӯрда мегашт…». Вале, ин беномусону бешарафон бар пояи саг ҳам нестанд ва ҳатто, пасттар аз саги дайдую оворагарданд. Ин афрод он қадар бешарафу беномус ва тангназару кӯрдил ҳастанд, ки заррае пешрафту рушдро дида наметавонанд. Имрӯз, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани иншооти бузурги аср, кохи нури Тоҷикистони соҳибистиқлол — Неругоҳи барқии обии «Роғун»-ро истиқбол менамояд. Аммо ин бадбахтону рӯсияҳон ва бешарафу беномусони наҳзатӣ аз ғаму ғусса ва гиряву нола гӯлугир шуда, ҳар шабу рӯз чун ҷуғзҳои бадхоҳ месӯзанду меноланд. Имрӯз ҷавонмардони таҳамтантинату қавииродае, ки бо азму иродаи қавӣ, дар қаъри кӯҳ шабҳои тору фаслҳои гарму сард барои қомат афрӯхтану рафшанӣ афкандани ин иншооти муҳташами минтақа ҷоннисориҳо карданд, ид доранд. Дар фазои кишварамон рӯҳияи ҷашну идона ҳукмфармост. Одамоне ки дар сохтмони мазкур меҳнат кардаанду монеаҳои зиёдро паси сар кардаанд, имрӯз ашк мерезанд, ашки шодию хурсандӣ! Вале имрӯз гиряву нолаи кормандони пойгоҳҳои террористонаю экстремистонаи наҳзатии «Payom» ва «Akhbor» гиряи наҳсию касофатӣ аст. Онҳо муваффақиятҳои мардуми шарифи Тоҷикистон ва нуру зиёро дидан намехоҳанд, зеро дар дилҳояшон танҳо бадию торикӣ мавҷуд аст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҷавонмардону рустамтинату қавииродеро, ки дар бунёди Неругоҳи барқии Роғун саҳм гузоштаанд, табрику шодбош мегӯем! Ҳамзамон, изҳори тасаллият ва таъзияи амиқи худро ба душманону ҳасудхӯрон ва худбохтагону хиёнаткорон, ки дар паси компютерҳо нишаста, бо супориши хоҷагонашон дар пойгоҳҳои «Payom» ва «Akhbor» ҳар гуна суханони сохтаю бофта ва дурӯғро зидди давлату миллат паҳн мекунанд, ирсол медорем.

Бо эҳтиром,

Нодири ҚОДИР, таҳлилгар

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>