Мизи мудаввар бахшида ба Соли ҷавонон

ПАНҶАКЕНТ. Дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  бахшида ба эълон гардидани соли 2017 соли ҷавонон дар мавзӯи «Ҷавонон ва замон» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Калонов Олимхон, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр  Кенҷаев Некрӯз, инчунин, зиёда аз 50 нафар ҷавонони фаъоли касбу кори гунонун, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан», омӯзгорони ҷавон, донишҷӯён, олимаҳои ҷавон ва кормандони кумитаи иҷроия иштирок доштанд. Мизи мудавварро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам ва бо эълон гардидани Соли ҷавонон, инчунин, фарорасии Наврӯзи байналмилал муборакбод намуда, орзуҳои нек ва таманиётҳо гуфт. Дар мизи мудаввар роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони ватан»-и назди кумитаи иҷроия Амонов Алишер дар мавзӯи «Ҷавонон ва Пешвои Миллат» суханронӣ ва аз ҷумла зикр намуд, ки дар атрофи ТҶҶ «Созандагони ватан» зиёда аз 1800 нафар ҷавонони қобил, фаъолу ташаббускор ва дорои касбу кор гунонун ҷамъ омадаанд. Эълон гардидани Соли 2017 соли ҷавононро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони хуштолеъи шаҳру деҳоти Панҷакент низ бо хушнудӣ пазирифтанд. Ин ғамхории навбатӣ ва дастгириҳо моро водор менамояд, ки аз ин бештару беҳтар ватанамонро дуст дорем, ба қадри осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат ва корҳои осободонию созандагӣ бирасем. Рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолиятро ҳифз намоем. Дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодии кишвар, масъалаи ободии ватан, ҳимояи марзу буми он бо дасту дили гарм ва иқдомҳои бунёдкорона ширкат варзем. саҳми арзандаи худро гузорем. Мо худ ҷавонон бояд бомаърифат, болаёқат, донишманду боистеъдод ва ташаббускор бошем. Пеши роҳи шомилшавии ҳамсолонро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бигирем. Дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда дар Донишкадаҳо ва Коллеҷҳо бо баҳои хубу аъло хонем ва дар оянда мутахасисони хуб шуда ба воя расем. Дар мулоқот олимаи ҷавон Сайҳуна Шавқатзода, корманди китобхонаи марказии шаҳр Парвина Муҳаммадиева, Роҳбари ҶДММ «Шавқат – Авитсина» Маҷидова Фарзона, хатмкунадаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Наҷмиддинов Наҷмиддин, сарвари муассисаи таълимии № 1-и шаҳр Азимова Зайнура, мудирони шуъбаи ташкилӣ ва тарғиботу иттилооти кумитаи иҷроия Холова Ҳамида ва Лутфуллоев Бурсӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Калонов Олимхон ва Кенҷаев Некрӯз дар мавзӯҳои вобаста ба кору фаъолияти ҷавонони имрӯза андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Дар баромадҳо оид ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, муҳаё гардидани шароити созгор барои таҳсил ва фаъолияти ибратбахши онҳо, адо намудани қарзи шаҳрвандӣ- хизмат ба ватан, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, донишандӯзӣ, китобхонӣ, ҳурмату эҳтироми волидайн, оила ва фарзанд сухан рафт. Зикр шуд, ки  дар мо низ ҷавонони эҷодкор, ташаббускор ва соҳибмаърифат хеле зиёд ҳастанд. Танҳо онҳо ба дастгирӣ ва кумаки насли калонсол ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ниёз доранд. Таклиф шуд, ки оид ба шарҳи кору фаъолият, эҷодиёт ва иқдомҳои неки ҷавонони шаҳру деҳоти Панҷакент, муаррифии ҷавонони ташаббускор ба ҷомеа ба воситаи телевизиони маҳаллӣ барномаҳо таҳия карда шавад. Таҷрибаи неки насли калонсол ва барӯманд дар байни ҷавонон паҳн карда шавад. Чунин мулоқотҳо зуд-зуд бо доираи васеъи ҷавонон ташкил карда шавад. Дар суханронии ҷамъбастии худ раиси кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода насли ҷавонро ба пайравии ташаббусҳои неки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд. Дар суханронӣ оид ба пешгирии иштироки ҷавонон дар ҷангҳои таҳмилии давлатҳои ба ном Исломӣ, вусъат бахшидани ҳамкори бо бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила, фаъолияти назарраси ҷавонон дар шабакҳои интернетӣ ва васоити ахбори умум, ҳавасмандгардонии ҷавонон, ташкили аёдат ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, шахсони якка ва танҳо ва бемор сухан рафт. Барои фаъолияти босубботи минбаъдаи ТҶҶ  «Созандагони ватан» дастурҳо дода шуд. Дархост карда шуд, дар соли ҷавонон аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода намуда баҳри равона намудани нерӯи пешбарандаи ҷомеа- ҷавонон ба корҳои неку созанда ва ибратбахш кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>