Таваҷҷуҳ ба пиронсолон

КОНИБОДОМ. Дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, ғамхорӣ ба пиронсолону эҳтиёҷмандон, умуман, фароҳам овардани шароити зиндагии мусоид барои ҳар як шаҳрванд аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои расидан ба ин мақсад тамоми тадбирҳо андешида мешавад. Дар шаҳри Конибодом низ нисбати ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо ва маъюбони шаҳр пайваста шахсони солдидаи яккаву танҳо ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби аъзоёни ансамбли «Хоҳаракон»-и бахши ташкилоти ибтидоии ХХДТ фарҳанги шаҳр барои пиронсолон консерт пешкаш карда шуда, суруду оҳангҳои ҷолиб садо доданд. Бошандагони марказ аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ шод гашта, миннатдорӣ баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>