Модарон-орзуманди ободиву осоиштагии Ватан

Без названия

ИЗҲОРОТ. Имрӯз шодиву нишоти мо, занону модарон низ дучанд аст. Зеро бо талошу заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба кор дароварда мешаваду нури сафобахши он то ба қалбҳои мо низ омада мерасад. Раҳмат ба Пешвои миллат, ки бо азму иродаи қавӣ бо эътимоду эътиқоди мустаҳкаму халқпарваронаашон ба ҳамаи мушкилиҳо истодагарӣ намуда, ин манбаи нурро, ки мояи ифтихор ва нангу номуси сокинони ҷумҳурии азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад бунёд намуданд. Маҳз часбу талошҳо ва иродаи қавии сохтмончиён ва ҳамаи масъулон буд, ки Роғун бунёд ёфту бо ба орзуҳои чандинсолаамон расидем. Дар ин рӯзҳои нишотбахш пеши назарат он солҳое мебиёяд, ки рӯзе 1-2 соат барқ хонаатонро равшан мекард. Ҳамон замон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба сабру таҳаммул ҳидоят намуда мегуфтанд, ки ин рӯзҳои мушкил мегузарад  ва Тоҷикистон ояндаи наздик манбаи нур мегардад. Ва имрӯз ҳамин тавр ҳам шуд. Мана соли сеюм аст, ки дар ҷумҳурӣ маҳдудияти барқ бардошташуда, хонадонашон шабонарӯз бо қувваи барқ таъмин аст. Истифодаи агрегати якуми  нерӯгоҳи барқи обии Роғун бошад, дар таъмини истиқлолияти энергетикии  ҷумҳурӣ қадами қатъӣ ба пеш гузошта, акнун Тоҷикистони азизи мо на танҳо худро бо қувваи барқ пурра таъмин мекунад, балки ба хориҷи кишвар низ қувваи барқро содирот мекунад. Барои расидан ба чунин рӯзҳои нек кулли бонувони ноҳия, модарону хоҳарон ба Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  минатдории самимӣ баён карда, бо оғози кори агрегати якуми Роғун ҳамаи сокинони кишварро самимона табрику мубаракбод менамоем.

Бонувони ноҳияи Деваштич.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>