Ҳар яки мо бояд бар зидди терроризм мубориза барем.

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

ШАҲРИСТОН. Дар асоси нақшаи кории шӯъбаи кор бо занони КИ ХҲДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар толори ташкилоти ибтидои “Ориёи”бо иштироки  мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон З. Примқулова ва гурӯҳи тарғиботиву ташвиқотии вохӯри оиди ифротгарои  бо занони хонашин ва омӯзгорон гузаронида шуд.      Имрӯз ҳама мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ шукургузорӣ аз даргоҳи Эзид мекунад, ки дар чунин Ватани зебову беҳиштосо офаридаву дар фазои софу беғубои Тоҷикистони азиз умр ба сар мебаранд. Пас, месазад, ки ин Ватан-Модарро муқаддас донем. Мавлонои бузург низ фармудаанд:

     Дар замини дигарон хона макун,

      Кори худ кун, кори бегона макун.

   Аммо, чӣ тавре ки ҳамагон огоҳӣ дорем, алъон бархе аз нохалафу кӯрназарон ба ҳар гуна ақидаву амалҳои номатлуби ба миллати мо бегона гаравида, ба Ватане, ки барои мо модари азизу ғамхор мебошад, дасти хиёнат дароз мекунанд. Бехабар аз он, ки онҳо ба падару модар, хешу ақрабо ва оилаи худ хиёнат карда истодаанд. Ҳисси ватандӯстиву садоқат ба Ватан аз замирашон дур гардидааст.    Ҳар яки мо бар зидди терроризм мубориза барем ва мо бояд фарзандонро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намоем ва ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рӯҳия ташвиқ кунем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>