Мулоқот бо интихобкунандагон

0

ХУҶАНД. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дониш № 19  Шарифзода Шариф Файз бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат карда, ҳозиринро бо рӯзномаи вохӯрӣ шинос намуд. Раиси кумиҷроия зимни мулоқот доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик ба дастовардҳои бузургу назаррас соҳиб гашт. Дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳо ба вуҷуд омаданд, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз доир ба корҳои ободонию созандагӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобкунандагон маълумоти муфассал дод. Инчунин, оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба  ҳизбу ҳаракатҳои  ғайриқонунӣ ва аз даст надодани ҳушёрию   зиракии сиёсӣ суханронӣ намуд. Иштирокчиёни вохӯрӣ сиёсати пешгирифтаи давлатро  дастгирӣ намуда, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият ёдовар гаштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>