«Пешвои миллат – ифтихори мо»

20181114_140701

КОНИБОДОМ.  Имрӯзҳо кулли мардуми тоҷик тантанаву ҷашнҳои бошукӯҳи миллатро бо сарбаландӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил доранд. Дар радифи чунин тантанаҳо бахши занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом низ якчанд чорабиниҳоро ба нақша гирифта, дар толори хониши китобхонаи марказии шаҳр Мизи мудаввар таҳти унвони «Пешвои миллат – ифтихори мо» бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани НБО-и Роғун доир намуд. Дар чорабинӣ намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Парвина Абдуллоева, омузгорону донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо, омузгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, мудирони китобхона-филиалҳо ширкат варзиданд.   Нахуст мизи мудавварро мутахассиси шӯъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом –Фирӯза Шерматова ҳусни оғоз бахшид  ва навбатро ба маърӯзачиён дод. Омӯзгори  коллеҷи омӯзгории шаҳр – Мавлонова М оиди дирӯзу имрӯзи Тоҷикистон ҳарф зад. Омӯзгори ҷавони МТМУ№25 Мамаяров оиди асарҳои пурмӯҳтавои Пешвои муаззами миллат фикрронӣ намуд. Намояндаи МИҲД-и шаҳри Конибодом – Парвина Абдуллоева дар мавзӯи «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НОБ-и Роғун» баромад намуд. Сипас муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Эмомалӣ Раҳмон шеърҳо қироат намуданд.Сипас мудири китобхонаи шаҳрӣ –Собирова Г низ ба сухан баромад ва ҳозирин фикру мулоҳизаронӣ намуданд. Мизи мудавварро намояндаи КИШ ҲХДТ – Фирӯза Шерматова шукргузорӣ аз Ватани ободу озод  ва ҳисси баланди ватандорӣ бо шеъри тозаэҷоди худ ҷамъбаст намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>