Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон

1

ХУҶАНД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд дар толори Гимназияи №4 -и шаҳр мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Қалъаи Хуҷанд №17, Ашӯрова Зулфия Қурбоновна бо интихобкунандагон бо мақсади тарғиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани мазмуни қарорҳои иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум аз 24 сентябри соли 2018 баргузор гардид. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Зулфия Ашӯрова дар назди интихобкунандагон доир ба корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал дода, зикр дошт, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ дар шаҳр идома дора два мо аҳли ҷомеа бояд ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар фаъолият барем ва барои ободу шукуфон намудани кишвари азизамон кӯшиш ба харҷ диҳем. Ёдрас мешавем, ки чунин вохӯриҳои вакилони Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагони ҳавзаҳои интихоботӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>