Пешгирии коррупсия – вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд

hukumat-5

СУҒД. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят семинар – машварати вилоятӣ дар мавзуи «Пешгирии коррупсия – вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд» баргузор гардид, ки дар он аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар вилоят ширкат варзиданд. Семинар – машваратро котиби комиссияи ҷамъиятӣ Музаффар Бобоҷонов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши комиссияи ҷамъиятӣ дар мубориза бо коррупсия сухан ронд. Муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии вилоят Зокирҷон Шарифов дар баромади хеш бобати иҷрои талаботи Қоидаи ҳаракати роҳ, муоширати кормандони БДА бо ронандагон, паст намудани омилҳои коррупсионӣ ва риояи қонунҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа гузориш дод. Мавсуф зикр дошт, ки давоми 9 моҳи соли равон аз тарафи кормандони БДА – и вилоят дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ ва  гузаронидани амалиётҳои махсус, амсоли «Бахус», «Пиёдагард» ва ғайраҳо 3456 қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд. Намояндаи Раёсати маорифи вилоят Набиҷон Раҳмонов коррупсияро амали хатарнок ва нангин номида, бобати иҷрои моддаи 74 – и Стратегия, омӯзиши барномаи зиддикоррупсионӣ, пешгирии коррупсия дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёна, миёнаи умумӣ ва миёнаи махсус маълумот пешниҳод намуд. Семинар – машварат бо баргузории муҳокима, баррасии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, роҳҳои пешгирии он ва пешниҳоди таклифу мулоҳизаҳои аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ ба фарҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>