Тӯйи хайриявӣ ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз

МАСТЧОҲ. Дар рӯзи таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва сарпарастии вакили маҷлиси ноҳиявӣ аз ҲХДТ Ниёз Ниёзов хатнасури 20 кӯдаки оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.  Зимни ин иқдоми хайру наҷиб раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ кӯдакони хушбахти даврони истиқлолро ба ин муносибат таҳният гуфта, изҳор намуд, ки ин идомаи мантиқии ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошад. Дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибҷашнҳо туҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи ноҳиявӣ супурда шуданд. Нигина Амонқулова, ки меҳмони мастчоҳиён буд дӯстрӯякони хушбахтро табрик намуда, бо сурудҳои дилнишини худ табъи ҳозиринро шод намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>