Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳкории бузурги инсоният

46379-6-ustavnoi_kapital_rogun_ru (1)

Ба истифода супорида шудани Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо барои сокинони кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки барои аксари мардумони кишварҳоиҷаҳон рўйдоди муҳиму таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро, ки бевосита ба ташаббус, матонат, боварию эътимод ва хиради ояндабини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, дар он рўзи таърихӣ мардум аз тамоми шабакаҳои ҷаҳон тамошо карда, ба қудрату нерўи халқи тоҷик, аҳсант хонданд. Ман бори аввал аз забони Пешвои муаззами миллат ибораҳои «халқи бузургвори ман» ва «Тоҷикистони азизи ман»-ро шунида, вуҷудамро эҳсоси аҷибе фаро гирифт, зеро ин суханон, ки аз забони шахсияти аввали кишвар садо медоданд, нишони муҳаббат, самимияти саршор аз эътимод ва боварӣ буд ва ҳаққо, ки хамин тавр низ ҳаст: имрўз халқ ба Пешвои муаззами миллат ва Пешвои миллат ба халқи кишвар эътимод доранд ва ҳамин боварию эътимод Тоҷикистони соҳибистиқлолро сол аз сол зеботару ободтар мегардонад. Гузашта аз ин, суханронии  худро бо лафзи ширини тоҷикӣ оғоз кардани ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Сирил Мюллер ва намояндаи ширкати «Салини Импреҷило» баёнгари ризоиятмандӣ ва қаноатманд гардидани онон аз ҳамкорӣ  дар заминаи бунёди ин нерўгоҳи  муқтадир ва беназир буд. Намояндаи  Бонки ҷаҳонӣ аз таассуроти бузурги худ вобаста ба он  ки роҳбарияти Тоҷикистон ба ваъдаи ба мардуми  тоҷик додаи хеш вафо намуд, омодагии ин созмони  бонуфузро дар ҳамкориҳои оянда иброз намуда бошад, намояндаи ширкати итолиёвиро «ин шоҳкории бузурги инсоният», ки  сохтмони он дар миқёси ҷаҳон беназир мебошад,ба таҳайюр овард. Тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳон, коршиносону мутахассисони соҳавии кишварҳои дигар ин рўйдоди муҳим ва санаи барои миллати тоҷик фаромўшнопазирро дар сархати барнома ва андешаҳои хеш гузошта, ба ибораи нависанда ва публисисти рус Александр Проханов бунёди ин тамаддунро «иншооти президентӣ» унвон карданд. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси байналхалқӣ мавқеи хешро боз ҳам устувортар гардонид, шодиву нишоти мардуми шарифи кишвар ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги он амалӣ гардид. Таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд.

Тоҷибой Султонӣ,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят,

номзади илмҳои филология,

аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>