Чарх зан, эй чархаи иқболи миллат

fe3c488ed6f24821a98d0e0ba3f81457

АНДЕША. Он рӯз Тоҷикистон барҳақ ид дошт. Иди нур. Шодию сурур. Иди ғолибияти ваҳдат ва ягонагӣ. Дар ин чорбинии хеле пуршукӯҳ ва хотирмон зиёда аз нуҳ ҳазорнафар иштирокчиён- кормандони Нерӯгоҳ, аҳли зиёи кишвар ва меҳмонони олиқадр аз мамлакатҳои дуру наздик ҷамъ омада, оғози фаъолияти агрегати аввалини НБО «Роғун»-пахши тугмачаи рамзиро аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    интизорӣ мекашиданд. Боиси хушнудии мост, ки ба рағми ҳама мушкилот ва монеаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сипар Роғунро ҳимоят намуданд. Инак, чархаи аввали НБО «Роғун» санаи 16-ноябри соли 2018 ба кор оғоз намуда, рушноии он ба хонадони тоҷикистониён вуруд омад. Дилҳоро гарм, чашмҳоро равшан намуд. Ин санаи фархундаро ба ҳамаи ҳамсафон ва ҳамдиёрон шодбош мегӯем. Ду соли охир ҳудуди неругоҳ майдони корзор ва қаҳрамониҳо буд. Ин лаҳзаҳои хотирмонро ба чашми сар дида хотираҳои хуш моро ба санаи 29 октябри соли 2016 мебарад. Бо даъвати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба мо раисони Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва фаъолони ҳизб муяссар гардид, ки дар қатори дигар фаъолони кишвар дар маросими  оғози бастани маҷрои рӯди Вахш ва бунёди обанбори НБО»Роғун» иштирок намоем.  Мо дар автобусҳои замонавӣ ва барҳаво нишаста роҳ сӯи шаҳри Роғун пеш гирифтем. Сари роҳ дар Файзобод моро дар ҷойи хушманзарае намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод интизор буданд. Дар атрофи дастархони пурнозу неъмат бо намояндагон- фиристодагони дигар минтақаҳои мамлакатамон аз наздик ошно гардидем. Дар ин суҳбатҳои самимӣ сухан дар атрофи ояндаи дурахшони Роғун, аҳамияти он барои имрӯзу ояндаи кишвар, қаҳрамониҳои Пешвои миллат сухан мерафт.  Ҳангоми наздикшавӣ ба шаҳри Роғун, дар соҳили  дарёи Вахш макони нурофарон ба чашм намудор гардид. Техникаҳои зиёди пуриқтидор дар ҳаракат буданд. Дар ҷойе, ки мебоист пеши роҳи рӯди пуртуғён баста мешуд, садҳо ҳазор тонна қуму санг ҷамъ шуда буд. Аз дур даромадгоҳи нақбҳои сохтмонӣ ба назар мерасид. Дохили ин нақбҳо, дар дили кӯҳ аз назар пинҳон сохтмон бо авҷ идома дошт. Дар он лаҳза  ду тарафи соҳили рӯди Вахш идона оро дода шуда  ҳазорон нафар чашм ба соҳил духта буданд. Ниҳоят зери кафкубиҳои пурмавҷ ва нидоҳои шодмонӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо либоси кории бунёдкорони Роғун аз мошин берун шуданд ва ба паси чанбараки булдозери пуриқтидор нишаста  нахустин тоннаҳои хоку қумро барои бастани пеши маҷрои дарёи Вахш равон намуданд. Дар ин дам мардум ба ҳаяҷон омада бо нидои шодӣ ва мамнуният ба Сарвари давлат аҳсан мегуфтанд. Маҷрои рӯд оҳиста–оҳиста тангтар ва оби ҷамъшуда ба дарвозаҳои ду нақби бузурги соҳил наздик мешуд. Баъди муддате ду соҳили рӯд ба ҳам пайваст шуд ва нахустин нафаре, ки ин роҳро убур карда гузашт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. «Имрӯз рӯзи равшаниву нур ва пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон мебошад»- ин суханони ҳангоми мулоқот бо фаъолон гуфтаи Пешвои миллат  дар хотири мо то ҳануз нақш бастааст. Бале, Роғун рамзи рушноӣ, истодагарию матонати миллати мо бо сарварии Пешвои миллат мебошад ва Тоҷикистон тавонист барои бунёди он маблағ пайдо намояд, бузургтарин ширкатҳои ҷаҳониро ба сохтмони он ҷалб карда, бо хулосаи коршиносони беҳтарин, созмонҳои байналмилалӣ- Бонки ҷаҳонӣ, ҷомеаи байналмилалиро мутмаин созад, ки бунёди Роғун бо сарбанди беназираш барои Тоҷикистон ва ҳамсоядавлатҳо низ манфиятовар аст. Сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, шаш агрегат бо иқтидори 600 мегаватт, ҷамъ 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори неругоҳи барқии обии Норак якуним маротиба зиёдтар аст.  Дар ин муддат корҳои сохтмонӣ дар  ин неругоҳ бо иштироки зиёда 22 ҳазор нафар кормандон, ки 90 фисади онҳоро мардуми маҳаллӣ ташкил медиҳанд ва 3600 адад техникаҳои пуриқтидори гуногун ва якчанд ширкатҳои хориҷӣ ҷараён гирифта, бо ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба ин рӯзи нек расидем. Санаи 16- ноябри соли равон дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26- умин солгарди баргузоршавии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати нахустини НБО «Роғун» фаъол гардида, барқи ҳосилшуда ба хати барқи асосии мамлакат пайваст гардид. Ифтитоҳи муҳаррики нахустини НБО «Роғун» натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат буда, дар роҳи рушди босуботи минтақа, таҳкими сулҳу ваҳдат, якпорчагӣ ва пойдории давлати миллӣ ва ҳифзу ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият аҳамияти бузург дорад. Имрӯз шаҳри Роғун ба шарофати ин Неругоҳ хеле ободу зебо гардида ба шаҳри сайёҳӣ табдил ёфтааст. Неругоҳи барқии обии «Роғун» иншооти аср буда, «Мӯҷизаи ҳаштуми олам» низ меноманд  НБО «Роғун» аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта  истеҳсоли барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ муфид, захираи об, беҳтар таъминшавии заминҳо бо оби полезӣ дар мамлакатҳои поёноб мебошад. Илова бар он оби тоза ба  НБО Норак ҷорӣ гашта, умри онро сад сол зиёд мекунад. Ҳоло мо ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дорем ва ба истифода дода шудани агрегати аввалини ин нерӯгоҳ аз муҳимтарин ва арзишмандтарин рӯйдоди даврони истиқлолият ба шумор меравад. Аз тарафи дигар азхудкунии иқтидорҳои гидроэнергетикии мамлакат имконият медиҳад, ки минтақа бо неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин гардида, метавонад омили ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа гардад.  Бунёди НБО «Роғун» давом дорад. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштанд, агрегати дуюми он моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ  барои пурра ба истифода дода шудани  дигар агрегатҳо  босубот идома меёбад. Насиб дар солҳои наздик мо НБО «Роғун»-ро пурра ба истифода хоҳем дод. Зеро ин воқеаи фараҳбахш ва корнамоиҳои родмардони Нерӯгоҳ орзую умеди ду даҳсолаи охири миллати тоҷик буда бо азму талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст ва дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.  Барои ман ҳамчун як корманди ҳизбӣ ба истифода дода шудани муҳаррики нахустини НБО «Роғун» боиси ифтихор аст. Зеро ман ҳам чун яке аз шаҳвандони хушиқболи ин ватан ин рӯзи саидро бесаброна интизорӣ мекашидам. Сад шукр, ки мо ба истиқлолияти энергетикӣ мерасем, ки яке аз се ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  То солҳои наздик аҳолӣ  соатҳои ба шумор барқ мегирифтанд. Корхонаҳо  муътадил фаъолият карда наметавонистанд. Норасогии барқ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ҳам нигароникунанда буд. Бо назардошти чунин вазъият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум муроҷиат намуда гуфтанд, ки «Роғунро бунёд мекунем, ҳоло ин норасогиҳои барқ афсона ҳам мешавад» Бале, сохтмони ин Неругоҳ идеяи миллии тоҷикон ва меъмори он  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Дар давоми ин солҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун сарпарасти маънавии бунёди ин иншооти бузург чандин маротиба ба назди родмардони Кохи нур рафт ва руҳияти онҳоро бардошт. Чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, баргузории маҳфилҳои шеъру сухан, эҷоди қиссаю достонҳо дар бораи фидокорони НБО «Роғун» далели гуфтаҳои боло мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб гуфтаанд, ки «Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғуши Шарқи куҳан  ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод».  Оғози фаъолияти муҳаррики нахустини НБО «Роғун беҳтарин тӯҳфа ва хушбахтии  беназир барои тоҷикистониён  аст.  Зеро фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатиро таъмин карда дар паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагонии мардум саҳм мегузорад. Барои ташкили чандин корхонаҳои худу бузург имконият пайдо гашта фарқияти шаҳру  деҳотро аз байн мебарад.

Дар ин маврид шоир Озар хуб гуфта:

Чархаи Роғун, ки мечархад,

Аз танинаш номи миллат мекашад қад,

Боз болотар,

Мешавад бар чарх наздик.

 

Чарх мегардад сари чарх,

Аз чунин чархидани иқболи тоҷик.

Роғун аз «роғ» аст,

Яъне, решааш дар рушноӣ мезанад чарх.

 

Ҳар ки андешад чунин,

Андешааш дар рушноӣ мезанад чарх.

Чарх зан, эй чархаи иқболи миллат,

То бичархад дар лаби мо,

Воҷахои нусратафрӯзи

«Ирода», «Коргар», «Ҳамбастагӣ», «Ҳиммат»

 

 Мурод Шукурзода,

 Раиси КИ ҲХДТ дар

 шаҳри Панҷакент.

Аълочии фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>