Наврӯзи ҳуҷастапай фархунда бод

СПИТАМЕН. Талошҳои пайгирона ва дастурҳои хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Торҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби эҳёи суннатҳои неки ниёгон, нигаҳдорӣ  ва муқаддас донистани арзишҳои волои аҷдодӣ таконе буданд дар ҷодаи афзоиш бар фарру шукуҳи ҷашни Наврӯзи бостон. Боиси ифтихору сарфарозиҳои мост, ки бо таклифи Тоҷикистон ва дигар давлатҳое, ки таҷлили Наврӯз дар он ҷо анъана гаштааст, дар даҳаи аввали асри XXI иди ниёгони мо – Наврӯз ба арсаи  ҷаҳони мутамаддин баромада, ҳамчун иди байналмиллалӣ эътироф гардид. Наврӯз ин эҳёи табиат, пошидани  нур, меҳрубонӣ рамзи сулҳу ваҳдати миллист. Бо шукӯҳу шаҳомати хоса, Наврӯзи ҳуҷастапай дар ноҳияи Ситамен,DSC_0239 (1) бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд Раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода ҷашн гирифта шуд. Сараввал, бо баробари ба рӯи кор овардани амалҳои нек, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ва Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 4 нафар шахсоне, ки барои пешрафту шукуфиҳои Ватан хизмат кардаанд, аёдат карда тӯҳфаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро супориданд. Сипас меҳмонони гиромиқадр аз Наврӯзгоҳи идонаи мардуми меҳнатқарини ноҳия дидан намуданд. Чорабинии пуршукӯҳи фарҳангии Наврӯзӣ дар Варзишгоҳи ноҳия бо табрикоти Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим оғоз гардида ва Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода аз номи Роҳбари олии ҲХДТ, муовини аввали Раиси ҲХДТ DSC_0386 (1)Саидмурод Фаттоҳзода табрик намуда табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба мардуми шарифу меҳнатқарини ноҳия расонд. Барномаи рангини композитсионии «Гулбонги Наврӯзи Ваҳдат» бо иштироки сарояндагони шинохтаю варзида аз пойтахту вилоят Ҳасани Ҳайдар, Валиҷони Азиз, Саъдии Буризод барои сокинони ноҳия бо сурудҳои ҷаззоби худ ҳусну ҳаловати баҳорию наврӯзиро ҳадя намуданд.  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>