Баргузории чорабиниҳо бахшида ба «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ»

1 (1)

АЙНӢ. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ» аз ҷониби масъулини бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагии СММ дар водии Зарафшон чорабиниҳои гуногун гузаронида шуд. Тибқи нақша чанде қабл дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал ва ба таҳсил фаро гирифтани духтарон намоиши театрикунонидашуда таҳти унвони «Ҳуқуқҳои Шумо дар дасти худи шумост» доир гардид. Ба иттилои манбаъ намоиши мазкур аз ҷониби ҳунарпешаҳои Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе пешниҳоди муҳассилини синфҳои болоӣ, донишҷӯёни коллеҷи тиббии ноҳия ва намояндагони соҳаҳои гуногун гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>