Парчам – ифтихори миллат

20181120_135603

КОНИБОДОМ. Санаи 20 ноябр дар Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  конференсияи илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он Холматова  Х ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуд. Сараввал чорабиниро муовини сарвари коллеҷи тибб оид ба корҳои таълим Олимова М кушод ва баъдан суханро ба Холматова Х супорид. Холматова Х  доир ба мақсаду мароми ҲХДТ суханронӣ намуда ба як нафар донишҷӯи коллеҷи мазкур, ки дар озмуни “Иншои беҳтарин” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат, ки  бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии  ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ гузаронида шуда буд, бо ифтихорнома қадршиносӣ  намуда ва дар вазъияти тантанавӣ ба 6 нафар омӯзгорони ҷавон шаҳодатномаи ҲХДТ супорида, кулли иштирокчиёнро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Дар Конференсияи илмӣ ва фарҳангӣ навори мустанат доир ба фаъолияти НОБ-и Роғун намоиш дода шуд ва баъдан аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Парчам шеър, рубоиҳо, сурудҳо, саҳначаи тарбиявӣ ва саволу ҷавоб дар мавзӯи мубрами рӯз гузаронида шуд, ки кулли иштирокчиён ғизои маънавӣ гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>