Аёдати бошандагони хонаи пиронсолон

кив

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Тибқи дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои дар пеш истода аёдати шахсони яккаву танҳо, маъюбон, собиқадорони меҳнат, оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст. Ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини  шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои аёдати бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Дар ҷараёни ин боздид ба бошандагони муассисаҳои мазкур Васиха Ахмедова 92-сола, Клавдия Едунова 91-сола, Таиса Ритова 77-сола, Эфира Хабибулоева, Уғулой Шарипова 68 сола ва дигарон аёдат карда, хурокворӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд ва таъкид карда шуд, ки таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар мадди назари доимии роҳбарияти ҲХДТ дар вилояти Суғд қарор дорад. Натиҷаи ҳамин сиёсати инсонгароёни Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Э.Раҳмон аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои соҳа, аз қабили марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ тамоми шароити зарурӣ барои зиндагӣ ва кору истироҳати қишри ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шуда, аёдати онҳо ба таври мунтазам ба роҳ монда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>