Маҷлиси ташкилоти ибтидоии “ИХК”

икх

ШАҲРИСТОН. Дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  вохӯриву маҷлисҳо гузаронида шуд, ки ин бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба истифода дода шудани Неругоҳи барқии обии “Роғун” ва Иҷлосияи XVI- ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Санаи 16- уми ноябр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи хос аст. Дар вохӯри таъкид гардид, ки  имсол ба рӯзи Президент ростомадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО- и Роғун басо рамзист. 16 ноябри соли ҷори ҳамагон шоҳиди рӯйдоди муҳими таърихӣ гардидем.  Дар қатори тамоми сокинони  Тоҷикистон  мардуми шарафманди ноҳияи Шаҳристон низ метавонад пеш аз ҳама, тавассути азму иродаи қавӣ, ҳамдиливу ҳамраъйӣ, меҳнати софдилона, зуҳури ватандӯстона ва маҷмӯан, иттиҳоду ваҳдат дар зери парчами ормонҳои олии Пешвои миллат дар ҷодаи ба кишвари бузурги пешрафтаву пешқадам табдил додани Тоҷикистон ба комёбиҳои боз ҳам бузургтаре мушарраф мегадад. Боварии комил дорем, ки мо, мардуми меҳнатқарин  ва ватандӯсти Тоҷикистони офтобрӯя, тавассути ҳамин садоқат ва ихлос ба ормонҳои миллӣ, истиқболи самимона аз ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои ватандӯсти миллатамон мерасем ва дар ин фосилаи начандон тӯлонӣ Тоҷикистонро ба сарзамини ормонҳо, диёри хурраму  обод ва яке аз мамлакатҳои пешқадам мубаддал мегардонем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>