Мулоқоти идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

image-0-02-06-bbf527bb262e87dbc35dec223f8a93cb5dc6ae83d92d33a7bf4549683bb26a35-V

ПАНҶАКЕНТ. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Сино», «Роҳсозон», «Ҳифзи иҷтимоӣ», «Шуғли аҳолӣ» ва «Бонки Эсхата» мулоқоти раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо ҳизбиён баргузор гардид. Дар мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода оид ба истифода дода шудани агрегати аввали НБО «Роғун», таҳкими сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, дастовардҳои даврони Истиқлолият, омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 солагии Саразми бостон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла, бемориҳои сироятии ВНМО сухан намуд. Дар мулоқот зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами давлатӣ соли 2009 рузи 24 – уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд. Бинобар он акнун ҳар сол Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Парчами давлатӣ чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ,ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷудаст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбат ба Парчами давлатӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи Истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст. Дар идомаи мулоқотҳо оид ба хуҷчатгузорӣ, таҷҳизонидани ҳуҷраҳои корӣ бо шиору овезаҳои ҲХДТ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҳизб, ҷалби фаъолон ба сафи ҲХДТ дар байни ҷомеа сухан рафт. Дар мулоқотҳо дар вазъияти тантанавӣ  ба 33 нафар кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Сино», «Ҳифзи иҷтимоӣ» «Роҳсозон» ва «Бонки Эсхата» Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чунин мулоқотҳо идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>