Ҳафтаи таҷлили Парчами миллӣ

0f0be3559daca714a1a15648d874d4de

ХУҶАНД. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи таҷлили он эълон гардида, дар ин самт корҳои муайян ҷараён доранд.  Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар қаламрави 18 шаҳру ноҳияҳо бахшида ба ин сана  барномаҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ доир гардида истодаанд. Ҳафтаи гузашта байни тарбиятгирандагони 38 муассисаи томактабии шаҳр бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ ва расмкашӣ озмуни шаҳрии «Парчами мо-парчами иқболи мо» гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар доираи ҳафтаи таҷлили  Рӯзи Парчам дар ҳамаи муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, хосса мактабҳои олӣ,  омӯзишгоҳҳои санъат ва касбию техникӣ бо мақсади эҳтирому қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ барномаҳои мухталиф, аз ҷумла  вохӯрию суҳбат ва конфронсҳои илмию назариявӣ  таҳти унвони «Парчами давлатӣ – рамзи ифтихори миллӣ», Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Эҳтироми рамзҳои давлатӣ – эҳтироми миллат аст», инчунин миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Парчам рамзи давлатдории мост» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар варзишгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо байни толибилмони мактабҳои миёна, литсею гимназия ва донишҷӯёни коллеҷҳову мактабҳои олӣ мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ дар назар дошта шудаанд. Барои насб кардани парчам ва шиору овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурӣ ва баргузор намудани намоишҳои идона дар маркази вилоят бо иштироки фаъолон, сокинону меҳмонон ва неруи созандаи кишвар- ҷавонон корҳои амалӣ ба анҷом расида истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>